БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Таҳкими сулҳу субот дар меҳвари барномаи ҲХДТ қарор дорад

ТЕМУРМАЛИК. Бо мақсади  дар  амал татбиқ намудани ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон оид ба  ҳарчи бештар тақвият бахшидани робита бо маҳал дар асоси ҷадвали баргузории вохўрию мулоқотҳо  дар деҳаю маҳаллаҳои ноҳия  дар деҳаи Якатути  ҷамоати деҳоти ба номи Лақай Қармишев вохӯрии навбатии  кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик бо сокинони деҳот баргузор гардид.

Дар рафти хониши сиёсӣ  раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик Раҷабзода Маҳмадсаид  иштирок дошта,  атрофи  самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, вобаста ба сафари кории Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои ВМКБ ва мулоқоташон бо роҳбарону фаъолони вилоят, эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  андешаронӣ намуд.

Доир ба суханронии Раҷабзода Маҳмадсаид вакилони ҷамоат  Маҷидов Халил ва Холматов Ашўралӣ  оид ба пешгирии шаҳрвандон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, огоҳонидани сокинон аз хавфу хатарҳои ташкилотҳои террористии дар Тоҷикистон мамнўъ, аз даст надодани зиракии сиёсӣ, ҳифзи марзу буми кишвар, тарбияи дурусти фарзандон дар рухияи баланди ватандўстӣ, риояи талаботиқонунҳои миллӣ андешаронӣ карда, мардумро  барои ҳифзи дастовардҳои соҳибистиқлолӣ, рушди анъанаҳои неки ниёгон раҳнамоӣ намуданд.   

Дар қисмати фарҳангӣ  сокинон маҳсули дастони муъҷизаофарашонро ба намоишгоҳ гузошта буданд, ки  масъулин аз ҳунару маҳорати ҳунармандон дидан карда, онҳоро барои иштирок дар озмунҳои ҳизбӣ даъват карданд

Дар охир дар деҳаи Якатут  бо пешниҳоди  раиси Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик Раҷабзода Маҳмадсаид  ташкилоти ибтидоӣ таъсис дода шуда, раиси он Вомиров Музаффар интихоб карда шуд.                                             

                                                                                                                                                                                                                                            

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg