БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон аз паҳншавӣ ва пешгирии бемориҳои сироятӣ зарур аст

ЛЕВАКАНТ. Тибқи нақша чорабинии  Кумитаи иҷроияи  дар беморхонаи марказии  Боҳтробод  хониши  сиёсӣ бо иштироки   мудири  шуъбаи  тарғибот, иттилоот  ва матбуот   Суҳроб Валиев, мудири шуъбаи ташкилӣ ва ба ҳисобгирии  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант Шаҳло Шомудинова, сардухтури беморхонаи Боҳтрободи №1 Каримов  Раҳмон  баргузор карда шуд.

Зимнан   Шаҳло Шомудиновадар назди ҷамъомадагон оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, муқовимат бо коррупсия, пешгирӣ аз паҳншавии бемориҳои сироятӣ  ибрози андеша намуда,  қайд кард, ки омилҳои хатарзо ба генафонди миллат паҳншавии бемориҳои сирояткунанда, махсусан бемориҳои ВНМО/АНМО ВИЧ/СПИД ва Гепотити С бисёр ташвишоваранд. Аз ин рӯ донистани бемориҳо, роҳҳои гузариш, пешгирӣ ва инкишофу авҷгирии онҳо амри зарурист. Яке аз омилҳои паҳншавии бемориҳои ВНМО ин аз асбобҳои дуруст покношудаи духтури дандон, дар сартарошхонаҳо истифода аз асбобҳо, махсусан теғ, истифодаи сӯзандоруҳои покнашуда, нашъмандӣ, ва ғайраҳо мебошад.

 Баъдан мудири  шуъбаи  тарғибот, иттилоот  ва матбуоти  Кумитаи  иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант  Суҳроб  Валиев оид ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ-экстремистӣ, нисбати сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Раиси муаззами  ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ибрози андеша  карда, аз иштирокдорон барои амали намудани дастуру супориш ва ҳидоятҳои Пешвои миллат ва ҳадафҳои созандаи ҲХДТ, ки маромаш хизмат ба халқ аст даъват ба амал овард.  

Дар охир иштирокдорон барои баргузории чунин як вохӯрии судманд аз кормандони масъули ҳизбӣ  изҳори қаноатмандӣ намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg