БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Омӯзгор ва илму дониш нерӯи тавонои рушди ҷомеа ба ҳисоб меравад

ПАНҶ. Гурӯҳи корӣ дар ҳайати мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Расулов Исматулло,  роҳбари намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан», муовини роҳбари ТҶҶ «Созандагони Ватан»-и ноҳияи Рӯдакӣ Салимов Шуҳрат, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ Файзиев Каримҷон ва мудири шуъбаи таблиғоти Кумитаи ноҳиявии ҲХДТ Шомаҳмадзода Музаффар бо мақсади шарҳу тавзеҳи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ бо устодону илмомӯзони ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Маорифчиён» хониши сиёсӣ доир намуданд.

Нахуст, вохӯриро раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ Файзиев Каримҷон оғоз намуда,  атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пешрафт ва рушди иқтисодиёти кишвар ва  Соли рушди сайёҳӣ ва хунарҳои мардумӣ андешаронӣ намуд. Самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб - шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тарбияи ҳарбӣ – ватандӯстии ҷавонон ва ҷалби онҳо ба хизмати ҳарбӣ, тарғиби фарҳанги миллӣ ва пешгирӣ аз майли бегонапарастӣ миёни ҷавонон, истифодаи оқилона, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ дар меҳвари вохӯрӣ қарор дошт.

Ҳамчунин, дар ҷараёни мулоқот оид ба терроризму экстремизм ҳамчун хатари хавфноктарин ба ваҳдату истиқлолият ва амнияти миллӣ, ҳамзамон роҳҳои пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои террористию экстремистии дар кишвар мамнӯъ ва  фаъол гардонидани аҳолӣ дар самти мубориза бо нашъамандиву нашъҷаллобӣ  андешаронӣ карда шуд.

Дар идома якчанд нафар омӯзгорони собиқадор ба сухан баромада, ҷонибдорӣ ва фикру мулоҳизаҳои худро нисбати  сиёсати пешгирифта  ва иқдомҳои навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён намуданд. Иброз доштанд, ки дар тарбияи насли наврас дар руҳияи пос доштани ҳуввияти миллӣ, эҳтиром ба арзишҳои маънавию фарҳангии ниёгон ва ватандӯстӣ саҳмгузор мешаванд, чунки омӯзгор ва илму дониш нерӯи тавонои рушди ҷомеа ба ҳисоб меравад.

 

                                                                 

 

 

 

 

 

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg