МӮЪМИНОБОД. Вохӯрии навбатии кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мӯъминобод бо сокинони деҳаи Файзобод ва омӯзгорони Маркази таълимии калонсолони ноҳияи Мӯъминобод тибқи ҷадвали баргузории хонишҳои сиёсӣ дар ташкилоту муассисаҳо ва вохӯриву мулоқот дар деҳаву маҳаллаҳои ҳудуди ноҳия вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Рамазон Ҳайдаров, мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирӣ Шукронаи Саймуддин иштирок намуда, вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, тарғиби анъанаҳои миллӣ, рушди касбу ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили дӯзандагӣ, зардӯзӣ, чакандӯзӣ, қаннодӣ ва эҳёи дигар ҳунарҳои мардумӣ, тарбияи ҳарбӣ- ватандӯстии ҷавонон, ба дарки падару модарон, ҷавонон расонидаи моҳияти хизмат дар сафи Артиши миллӣ ҳамчун мактаби ҷасорату мардонагӣ ва омили асосии нигоҳ доштани сулҳу субот, амнияти кишвар, пешгирии шомилшавии занону ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ андешаронӣ намуда, ҳамагонро барои иштирок дар корҳои созандагиву ободонӣ даъват карданд.
Инчунин, дар идома бо дастгирии иштирокдорон дар маҳаллаи мазкур ташкилоти ибтидоӣ таъсис дода шуда, раиси он Асоев Комил интихоб гардид.