БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Об дар рӯи замин сарчашмаи ҳамаи ободиҳо ва комёбиҳост

КӮЛОБ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ҷамоати Кӯлоб” бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Зимни вохӯрӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Валиева Саъбагул, вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб Қурбонова Робия, муовини раиси Суди шаҳри Кӯлоб Алимзода Ҳанифа ва дигар шахсони расмӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Нахуст, Валиева Саъбагул дар самти сиёсати хориҷии мамалакат ва пешниҳодҳои пурмазмуни Пешвои Миллат дар арсаи байналмилал оид ба Даҳсолаи байнанмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” қайд кард, ки об дар рӯи замин сарчашмаи ҳамаи ободиҳо, озодиҳо ва пешравию комёбиҳои ҳаёт аст.

Аз ин рӯ месазад, ки мо фаъолони ҷомеа пайваста, оид ба ташаббусҳои Сарвари давлат корҳои тарғиботиро пурзӯр намоем.

Дар ин росто  дигар иштирокчиён дар мавзӯъҳои гуногуни фарҳангсолориву фарҳангдӯстӣ, хештаншиносӣ, нақши зан дар ҳифзи фарҳанги миллӣ, тарбияи дурусти фарзандон ва пешгирии пошхӯрии оилаҳои ҷавон баромадҳои муфид намуданд, ки аз ҷониби ҳозирин хуб қабул шуд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg