БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Болоравии ахлоқи ҷомеа ба тарбияи дурусти наврасону ҷавонон вобаста аст

ДӮСТӢ.  Дар  кӯчаҳои ба номи Ш.Шотемур, С.Айнӣ, Л.Шералӣ, А.Рудакӣ ва А.Фирдавсии ноҳияи Дӯстӣ  бо иштироки мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ  дар ноҳия  Ҷалолов Абубакр,   вакили ҷамоат  Шафиев Хайдар бо сокинон  оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва Соли тақвияти робита бо маҳал вохӯрӣ баргузор гардид.

Абӯбакр  Ҷалолов дар бораи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, риоияи талаботи қонунҳои миллӣ, рушди ҳунарҳои мардумӣ, ҷалби шахсони бекор ба касбу ҳунарҳои мардумӣ, аз ин ҳисоб паст кардани шиддати бекориву сатҳи камбизоатӣ, тарбияи дурусти насли наврасу ҷавон, тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии он, ба ҷавонон фаҳмонидани моҳияти хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, озмунҳои ҳизбӣ ва Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” андешаронӣ намуда, сокинонро барои дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои созандаи ҲХДТ ва Аксияи ҳизбӣ, ки ба некӯаҳолии сокинон равона карда шудааст, раҳнамоӣ намуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg