БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ барои бедор намудани ҳисси баланди миллӣ дар дили ҷавонону наврасон мусоидат намуд

ВОСЕЪ. Дар деҳаи Иттифоқи ҷамоати деҳоти Тугарак бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ чорабинии фарҳангӣ - сиёсӣ  баргузор гардид.

Мақсад аз баргузории чорабинӣ тарғибу ташвиқ ва рушди ҳунарҳои миллӣ дар маҳал, бедор намудани завқи ҳунармандӣ дар дили ҷавонону наврасон ва муаррифии ҳунармандони маҳал мебошад.

Дар ин чорабинӣ масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ иштирок ва баромад намуданд.

Дар баромади худ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Сафарова Ҳафиза дар бораи эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ,  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»,  «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» андешаронӣ карда, аз ҷамъомадагон оид ба риояи талаботи қонунҳои мазкур ва боз ҳам рушд додани касбу ҳунарҳои мардумӣ ва омӯзонидани онҳо ба ҷавонон ҳидоят намуд.  

Ҳамзамон,  мутахассиси шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Ситамова Роҳила атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ, тарғиби урфу одат ва анъанаҳои неки мардумӣ бо мақсади тарбияи ахолоқиву маънавии ҷавонон ибрози ақида намуд.

Дар чорабинӣ маҳсули дасти ҳунармандон, хӯрокҳои миллӣ ва заҳмати кишоварзони маҳал ба маърази тамошо гузошта шуданд, ки иштирокдорон аз намоишгоҳ дидан намуда, барои боз ҳам равнақ додани  ҳунармандӣ, истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ тавсияҳои судманд доданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg