БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳадафҳои созандаи ҲХДТ беҳри беҳбудии зиндагии осоиштаи сокинон

ВАХШ. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Турсунзода» чорабинии фарҳангӣ бахшида  ба Соли рушди сайёҳӣ ва  ҳунарҳои  мардумӣ ва Соли тақвияти робита бо маҳал  доир гардид.

Дар чорабинии фарҳангӣ  занони ҳунарманд ҳунарҳои дастии худро, аз қабили  қуроқдӯзӣ, гулдӯзӣ, ҷуроббофӣ ва намоиши либосҳои миллӣ ба намоиш гузошта шуд.

Дар чорабинии мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш Мардонова Сайёра ва мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроия Ёров Худойдод иштирок ва суханронӣ намуда, таъкид доштанд, ки ҳунару маҳорати худро ба занону духтарони хонашин  низ омӯзонанд.

Дар охир ба ҳунармандону иштирокчиён арзи сипос намуда, ба онҳо осмони софу ҳунари волоро таманно намуда, беҳтарин ҳунармандони маҳалро барои иштирок дар озмунҳои ҳизбии «Тарроҳи беҳтарин» ва «Беҳтарин намоиши ҳунарҳои мардумӣ» даъват кард.

Инчунин,  дар ин росто   Аксияи тарғиботӣ-амалӣ ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!», ки барои  беҳбудии рӯзгори сокинон ва ободии Тоҷикистони маҳбуб нигаронида шудааст, ҳамагон даъват гардиданд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg