БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҷавонон пояи устувори давлатанд

Ш.ШОҲИН. Кормандони масъули  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин  дар  ташкилоти ибтидоии «Варзишгарон» хониши сиёсӣ вобаста ба  самтҳои афзалиятноки  фаъолияти ҲХДТ  доир намуданд.

Зимнан масъулин дар бораи пешгирии шомилшавии ҷавонон аз ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро,  огоҳонидани сокинон аз паёмадҳои  хатаровари ташкилотҳои террористӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ ба хотири ҳифзи солимии ҷомеа,  пешгирӣ аз хурофоту бегонапарастӣ,  тарғиби либоси миллӣ дар байни ҷавонон, ривоҷу равнақ додани ҳунарҳои мардумӣ бо шаклу услуби замонавӣ, ҷалби ҷавонон ба куасбу ҳунарҳои мардумӣ, дар вақтҳои холигӣ машғул шудан ба варзиш,  сайқал додани малакаи дониши онҳо, сафарбар  карданиҷавонони синни даъвати ба хизмати Ватан – Модар  ҳамчун мактаби ҷасорату мардонагӣ андешаронӣ карда, аз иштирокдорон баҳри иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”  даъватбаамал оварданд.

инчунин, дар ин радиф озмунҳои ҳизбӣ  “Беҳтарин муаррификунандаи мавзеъҳои сайёҳӣ”, ки ноҳияиШамсиддин Шоҳин дорои мавзеъҳои сайёҳӣ ва мавзеъҳои таърихӣ мебошад,барои иштирок дар озмуни ҳизбӣ даъват карда шуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg