ХУРОСОН. Дар доираи ҷадвали баргузории вохўриву мулоқот дар корхона, муассиса, ташкилот ва деҳаю маҳаллаҳои ноҳияи Хуросон бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон дар деҳаи Ҳилолӣ 1-и ҷамоати деҳоти Ҳилолӣ атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, баргузории чорабинии фарҳангӣ бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва Соли тақвияти робита бо маҳал вохўрӣ баргузор гардид, ки дар он масъулин дар бораи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, сафарҳои кории Асосгузорри сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ВМКБ ва Ҷумҳурии Ўзбекистон, пешгириишаҳрвандон аз шомилшавӣба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, огоҳонидани мардум хавфу хатарҳои ҷаҳони муосир, пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, сарфақорона иистифода бурдани нерўибарқ ва пардохти саривақтии ҳаққи хизматрасонии маблағи он,самаранокистифода бурдани ҳар ваҷаб заминҳои киштшаванда, таъмини амнияти озуқаворӣ, омодагӣ ба фасли сармои дарпешистода андешаронӣ намуд.
Инчунин, дар идома атрофи озмунҳои ҳизбӣ ва Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!”,ки барои беҳбудии рўзгори сокинон ва ободии меҳан равона карда шудааст, ҳарф зада, ҳамагонро барои иштирок дар озмунҳои ҳизбӣ, ки ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бахшида шудааст, даъват намуданд.