БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Амалҳои зишту муғризонаи хоинони давлату миллатро сокинон маҳкум карданд

ТЕМУРМАЛИК. Бо мақсади ҳарчи бештар тақвият бахшидани робита  бо маҳал ва иҷрои ҷадвали баргузории вохӯрию мулоқот дар деҳаю маҳаллаҳои ноҳия вохӯрии навбатӣ дар деҳаи баландкуҳи Руҳафзои ҷамоати деҳоти ба номи Саидмӯъмин Раҳимов бо омӯзгорону кормандони муассисаи таҳсилоти умумии  асосии №26 дар ҳайати раиси  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи  Темурмалик   Раҷабзода Маҳмадсаид ва мудири шуъбаи кор бо ҷавонон ва занони Кумитаи иҷроия Раҷабов Ҷаҳонгир баргузор гардид.

 Зимни баргузории хониши сиёсӣ Маҷхамдсаид Раҷабзода дар бораи   самтҳои    афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва  баромадҳои дар сомонаи интернетӣ чопшудаи Муҳаммадиқболи Садриддин ва Шарофиддин  Гадоев ибрози андеша намуд.  

Доир ба суханронии   Раҷабзода Маҳмадсаид  вакили ҷамоат Нуров Боймурод   андешаҳои худро баён карда, бо ҷонибдории иштирокчиён вокуниш оид ба баромадҳои ғаразноки хоинони миллат Муҳаммадиқболи Садриддин ва Шарофиддин  Гадоев қабул карда шуд.

Дар охири Раҷабзода Маҳмадсаид ва зиёиёни деҳа бори дигар таъкид карданд, ки амалҳои номатлуби хоинони миллат дар ҳама ҷо маҳкум карда шавад.  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg