БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардуми деҳот ҳадафи аслии мост!

ДӮСТӢ. Кормандони масъули Кумитаи иxроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ дар ташкилоти ибтидоии деҳаи «Наврӯз» доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, Соли тақвияти робита бо маҳал ва бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  бо сокинон чорабинии фарҳангӣ доир намуданд.

Масъулин дар назди ҷамъомадагон  оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХТ, сиёсати дохиливу  хориҷии кишвар, огоҳонидани мардум аз хатарҳои ташкилотҳои террористии дар Тоҷикистон мамнӯъ,  тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, пешгирии сокинон, алалхусус ҷавонон аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳои ифротӣ андешаронӣ намуда, иброз доштанд, ки  бадхоҳони  давлату миллат  бо ҳар роҳу восита бо ваъдаҳои муғризонаи худ мехоҳанд фазои орому осудаи моро  ноором созанд.

Аз ин рӯ, ҳар яки моро лозим аст, дар ҳифзи  сулҳу суботи кишвар чусту чолок бошем, ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надиҳем ва нагузорем, ки баднияте бо ғаразҳои нопокаш вориди  фазои  тинҷу осудаи мо шавад.

Инчунин, дар идома масъулин  атрофи рушди ҳунарҳои мардумӣ, эҳёи анъанаҳои неки ниёгон, истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ,  таъмини бозорҳои истеъмолӣ бо меваҷоту сабзавоти тару тоза ва аз ин ҳисоб баланд бардоштани  сатҳи некӯаҳволии сокинон андешаронӣ карданд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg