БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Бо шукргузорӣ аз Ватани ободу сарзамини биҳиштосо фарзандонро дар руҳияи баланди ватандӯстӣ тарбия намоем

Ш.ШОҲИН. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар деҳаи Менатук атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ ва баргузории чорабиниҳо бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  вохӯрӣ доир намуданд.

Зимнан раиси  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия  Назарзода Толибҷон доир ба  Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, оғози Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028»   суханронӣ намуда, афзуд, ки оромиву осудагии имрӯзаи Тоҷикистон аст, ки барои  мо шаҳрвандон имкониятҳои хуб  дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ кору фаъолият намуда истодаем. Ана ҳамон заҳматҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки  мо ба чунин пирӯзиҳо ноил гардидему дар фазои  сулҳу ороми кишвар  вохӯриву чорабиниҳои фарҳангиро  роҳандозӣ намуда истодаем.

Аз ин лиҳоз моро лозим аст бо шукргузорӣ аз Ватани ободу сарзамини биҳиштосо фарзандонро дар руҳияи баланди ватандӯстӣ тарбия намоем, пеши роҳи  амалҳои зишту харобкориҳоро бигирем, барои боз ҳам ободтару зеботар гардидани Тоҷикистон бештар заҳмату меҳнати софдилона  кунем.   

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg