БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Хизмат ба Ватан қарзи имонӣ ва инсонии ҳар як шахс аст

ХОВАЛИНГ. Дар хониши сиёсие, ки дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Эҳсон» гузаронида шуд, мудири шуъбаи ташкилии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Ҷамолиддин  Қаюмов дар бораи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ба таври муфассал маълумот дод.

Мавсуф дар бораи моҳияти хизмат дар сафҳои Артиши миллӣ сухан ронда, қайд намуд, ки агар падару модарон медонистанд, ки фарзандонашон ҳангоми хизмат дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳ дар баробари ҳифзу ҳимояи Ватан-Тоҷикистони азиз аҳли оила ва падару модари худро аз таҳдидҳои замони муосир ҳифзу ҳимоя менамоянд, агар медонистанд, ки фарзандонашон ҳангоми хизмат аз ҷиҳати рӯҳӣ ва ҷисмонӣ обутоб меёбанд ва агар медонистанд, ки дар давоми ду соли хизмат онҳо қадру қимати падару модар ва аҳли оила, то кадом андоза дӯст доштани онҳоро бештар эҳсос менамоянд ва баъди адои хизмат эҳтироми онҳоро бештару беҳтар ба ҷо меоранд, ҳеҷ гоҳ садди роҳи аскариравии фарзандонашон намешуданд.

 Дар баробари ин даъватшавандагон ҳам медонистанд, ки хизмат ба Ватан қарзи имонӣ ва инсонии онҳост бо хоҳиш ба хизмат мерафтанд.

Мутаассифона, ҳастанд падару модароне, ба моҳияти гуфтаҳои боло дуруст сарфаҳм намераванд.

Ба мардум фаҳмонидани моҳияти хизмат дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳ вазифаи ташкилотҳои ибтидоӣ ва ҳар як аъзои ҲХДТ мебошад.

Дар хониши сиёсӣ чанде аз ҳизбиён баромад намуда, васеъ ба роҳ мондани корҳои таблиғотӣ ва фаҳмондадиҳиро дар шароити рӯз вазифаи муҳим арзёбӣ намуданд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg