ҲАМАДОНӢ. Вохӯрии раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Давлатҷон Ғаффорзода бо кормандони Хоҷагии манзилию коммуналии ноҳия баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Ситорамо Кучарова иштирок ва суханронӣ намуд.
Зимнан раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Давлатҷон Ғаффорзода дар бораи корҳои созандагию бунёдкорӣ ба муносибати 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаминро қайд кард, ки бо дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бояд то соли 2021 корҳои созандагию бунёдкорӣ дар ҳар гӯшаи ҷумҳуриямон вусъати тоза пайдо кунад ва даъват ба амал оварда шуд, ки ҳар як сокини кишвар бояд бо завқи баланд ва ифтихор аз Ватани азизамон карда, баҳри истиқбол аз Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Точикистон намояд зеро, ки Истиқлолият беҳтарин неъмат барои миллати соҳибватани тоҷик аст.