БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Корҳои созандагӣ дар партави Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!”

ВАХШ. Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Вахш бо намояндагони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе  ва шаҳри Ҳисор дар деҳаҳои ҷамоати шаҳраки Кирови ноҳияи Вахш бо ҷавонон ва сокинони ҷамоати мазкур вохӯриҳо гузарониданд.

Дар вохӯрӣ суҳбат атрофи ватандӯстӣ, ҷалби ҷавонон ба хизмат дар сафи Артиши миллӣ, пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ, садоқат ба Ватан, созандагиву бунёдкорӣ доир гардид.

Дар рафти вохӯрӣ меҳмонон аз мавзеъи таърихии «Аҷинатеппа» дидан намуда, бо ҷавонон, ки дар ин мавзеъ саёҳат доштанд суҳбат ороста, аз таърихи пайдоиши  ин мавзеъи  сайёҳӣ  огоҳӣ пайдо карданд.
Инчунин, бо ҳунари чӯбтарошон ва гулдӯзии духтарони деҳаи Мӯъминободи ҷамоати мазкур шинос шуда, ба ҳунари волои онҳо баҳои баланд доданд. Ҳамзамон,  бо рафти сохтмони бинои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 16-и деҳаи Фидокори ҷамоати деҳоти Тоҷикбод шинос шуданд. Бояд қайд намуд, ки сохтмони бинои мазкур дар партави Аксияи  тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” аз ҷониби  аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Тоҷикобод”  дар ноҳияи Вахш бо тариқи ҳашар сохта,  ба истифода дода мешавад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg