БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Амалигардонии қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ вазифаи аҳли ҷомеа мебошад

БОХТАР. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Фарҳанги вилоят» тибқи ҷадвали баргузории хонишҳои сиёсӣ вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар он кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Ализода Одил ва  Асадуллозода Ватан   ширкат варзида, сухаронӣ карданд.

Ализода Одил ба сухан баромада,   оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ҳарф зада, қайд намуд, ки қабули қонуни мазкур табиатан аз проблемаю мушкилоти зиндагии мардум сарчашма гирифта, ҳадаф ва вазифаи аслии он кӯмаку дастгирӣ ва ҳимояи манфиатҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии халқи Тоҷикистон аст. Илова бар ин, мундариҷаи қонуни мазкур ба пуррагӣ ба талаботи арзишҳои башарӣ мувофиқ буда, ба дастовардҳои демократии ҷомеаи ҷаҳонӣ комилан такя менамояд. Хотиррасон бояд кард, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз зимни вохӯрӣ бо аҳли ҷомеа оид ба танзими расму оин ва анъанаву маросимҳои миллӣ зикр намуда буданд, ки: «Дар айни замон мо бояд як нуктаро донем, ки то расму оин ва маросимҳои милливу динии худро ба як низоми муайян надарорем ва хароҷоти беҳудаву зиёдатии мардумро аз байн набарем, бо қабулу татбиқи барномаҳои давлатӣ ва сарфи маблағҳои зиёд дар масъалаи паст кардани сатҳи камбизоатӣ ба натиҷаҳои дилхоҳу назаррас ноил шуда наметавонем».

 

 

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg