БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

30-солагии Истиқлолияти давлатиии Ҷумҳурии Тоҷикистонро сазовор истиқбол мегирем

БАЛҶУВОН. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон дар деҳаи Чорбоғи ҷамоати деҳоти ба номи Сафар Амиршоеви ноҳия бо сокинони деҳаи Чорбоғ оид ба  самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, Соли тақвияти робита бо маҳал вохӯрӣ доир намуд.

Дар вохӯрӣ кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия иштирок дошта, оид ба татбиқи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!”, пешгирии шомилшавии ҷавонон  ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротиву тундгаро, дар сатҳи баланд ва дастовардҳои назаррас пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатиии Ҷумҳурии Тоҷикистон, эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва хунарҳои мардумӣ андешаронӣ намуда,  зикр карданд, ки имрӯзҳо мо дар шароити то рафт мураккаб гардидани вазъи ҷаҳони густариш ва пайдо гардидани зуҳуроти асри нав терроризму экстремизм қарор дорем, аз ин рӯ мо бояд кӯшиш кунем, ки фарзандонро, ки оянда давлату миллат дар дасти онҳост, дар рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарварӣ, гиромидошти арзишҳои миллӣ, омӯхтани забонҳои хориҷӣ ва сатҳи донишу малакаи сиёсиву фарҳангии онҳоро баланд бардошта, заминаи мусоид дар муҳити хонадону муассисаҳои таълимӣ ва ҷомеа фароҳам орем.

Ҳамчунин дар рафти вохӯри аз ҷониби сокинони деҳа ба масъулин саволҳо пешниҳод  гардида, ҷавобҳои мушахаси гардонида шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg