БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Тарбияи насли наврас дар рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ яке аз ҳадафҳои асосии барномаи ҲХДТ мебошад

Ҷ.БАЛХӢ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Шоҳсутуни Сомониён” тибқи ҷадвали баргузории хонишҳои сиёсӣ вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ баргузор гардид.    

Дар он мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Алиев Зафар иштирок намуд.                                             

Дар вохӯрӣ Алиев Зафар ба сухан баромада изҳор дошт, ки ҷомеаи ҷаҳониро имрӯз танҳо як мушкилоти ҷиддӣ, ин ҳам бошад шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои тундраву ифротгаро фаро гирифтааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз доштанд, ки соли 2017 Соли ҷавонон эълон карда шавад. Дар ҳақиқат ҷавонони даврони соҳибистиқлол, ҷавонони бонангу номус, бориз, далер ва шуҷои Ватан маҳсуб ёфта, бо корҳои созандагию бунёдкорӣ ном бароварда, доимо дар сафи пеш қарор доранд. Ин иқдоми созанда бояд шиори ҳамешагии онҳо бошад.

Сипас, дар идома оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ суханронӣ намуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg