БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Мавқеи шоёни ҲХДТ дар ташаккули афкори миллӣ

ҲАМАДОНӢ. Вохӯрии раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Давлатҷон  Ғаффорзода бо сокинони деҳаи Ҳаёти нави ҷамоати деҳоти Чубек баргузор гардид.

Зимни баргузории вохӯрӣ Давлатҷон Ғаффорзода дар бораи сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар бораи эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо ҷамъомадагон суҳбат намуда, қайд кард, ки риояи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму  тарбияи фарзанд” ва “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ” барои мо шаҳрвандон ҳатмист.

Инчунин,  мавсуф дар бораи озмунҳои ҳизбӣ “Беҳтарин доиркунандаи чорабиниҳо дар сатҳи маҳал”, “Беҳтарин намоиши ҳунарҳои мардумӣ”, “Беҳтарин муаррификунандаи мавзеъҳои сайёҳӣ”, “Тарроҳи беҳтарин”, “Маликаи Хатлон”, “Армуғони хатлонӣ”, ки аслан ноҳияи  Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ макони касбу ҳунарҳои мардумӣ ва  мавзеъҳои сайёҳи мебошад, ҳарф зада,  онҳоро барои иштирок дар озмунҳои ҳизбӣ даъват намуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg