
ВОСЕЪ. Бо мақсади иҷрои нақшаи тасдиқнамудаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ чорабиниҳо бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар ҷамоати деҳоти Тугарак идома доранд ва ин навбат дар деҳаи Навободи ҷамоат деҳоти мазкур бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Сафарова Ҳафиза ва мутахассиси шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Ситамова Роҳила намоиши ҳунарҳои миллӣ баргузор гардид.
Масъулин дар назди ҷамъомадагон сараввал атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ суханронӣ намуда, оид ба тарзи либоспӯшӣ ва эҳтиром ба фарҳанги ниёгонамон ибрози ақида карданд ва баъдан ҷавононро барои хизмат ба сафи Артиши миллӣ даъват карданд.