БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БИЁЕД БАҲРИ ЯКПОРЧАГИЮ СУЛҲУ СУБОТИ КИШВАР ЯКФИКРУ ЯКМАРОМ БОШЕМ!

Муроҷиат дар ҳошияи изҳороти Ситоди байниидоравии таъмини амният дар вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон

«Тоҷикистони азиз Ватани маҳбуби ҳамаи мост!»-ин гуфтаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар фарди худогоҳу худшинос ва ватандӯсту дорои ҳатто як зарра нангу номуси миллию ватандориро ҳамеша баҳри пойдор нигоҳ доштани истиқлолияту, сулҳу субот ва якпорчагии ин кишвари барои ҳар фарди тоҷикистонӣ азиз водор месозад. Ҳар фарди солимақлу дорои хирад дуруст дарк мекунад, ки ноором будани як гӯшаи Тоҷикистони азиз боиси ноором гардидани авзои сиёсии тамоми кишвар, зери суол рафтани сулҳу салоҳ ва якпорчагии он хоҳад гашт. Инсоният хуб дарк менамояд, ки ҷангу куштор, ғорату роҳзанӣ, силоҳу маводи мухаддир, ки аз ҷониби ашхоси алоҳида ва ё гурӯҳҳое роҳандозӣ мегарданд, ки ба ҷузъ аз худи онҳо ба касе манфиату хушбахтӣ наовардааст. Шароити имрӯзаи ҷаҳонию минтақавӣ ва вазъияти кишварҳои алоҳида чун Сурияву Ироқ, Либияву Миср ва ё Афғонистони ҳамсоя барои ҳар фарди дорои тафаккури солим возеҳу равшан баён карда истодааст, ки инсоният дар муқобили чи хатарҳое қарор доранд. Аз он ҷумла Афғонистони ҳамсоякишвари мо, ки ҳудуди чиҳил сол мешавад, наметавонад сулҳу субот дошта бошад ва манбаи бузурги хатар ба кишвари мо дониста мешавад, барои мо  мояи нигаронии амиқ бояд бошад. Зеро аҳволи ин кишвар алангаи оташи бузургеро мемонад, ки ҳар дам кӯшиши забона задану ба коми худ фурӯ бурдани қаламравҳои навро дорад.

Шоир мефармояд, ки :

Бани одам аъзои якдигаранд,

Ки дар офариниш зи як ҷавҳаранд,
Чу узве ба дард оварад рӯзгор,

Дигар узвҳоро намонад қарор.

 

Ростӣ вақте ин мисолҳоро барои хонандаи азиз- шаҳрвандони кишварам менавистам, вуҷудамро ҳисси шарм фаро гирифт. Зеро ба худ андешидам, ки барои миллате, ки ҳамагӣ чанд сол пеш чӣ будани ҷангу куштор, ғорату қашшокӣ ва гуруснагию дарбадарию дар ғарибӣ дур аз фироқи Ватану меҳан буданро дар руҳу ҷони хеш озмудааст, месазад, ки аз Сурияву Ироқу Афғонистон далел овард? Албатта, шояд қобили қабул набошад. Аммо чора чист, ки инсоният чунин мавҷудоте будааст, ки ҳама чизро ба зудӣ фаромӯш мекунад.

Бахусус имрӯз, ки бо талошу заҳмат ва ҷонбозиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нафақат ин мардуми дар ҳасрати сулҳу субот ва амният ба суди дили худ расиданд, балки чунон серу пур ва хотирҷамъ гаштанд, ки эҳсос мешавад, оҳиста-оҳиста он рӯзҳои шумро фаромӯш карда истода, боз баъзан ба иғвою дасисаи хоинони миллат дода мешаванд.

Мисоли барҷастаи ин чанд нафар ҷинояткороне, ки ба хотири нафси ҳароми худ омодаанд, ки мардумро ба иғво кашанду ба майдон бароранд ва худу манфиатҳои нопоки худро пушти домони занҳо пинҳон созанд. Ё тавре фаҳмида мешавад, ин қабил одамон ва хоҷагони хориҷии онҳову миёнаравҳояшон омодаанд, боз иғвою дасиса, маҳалбозию миллатбозӣ эҷол карда, миллату давлатро боз шӯронанд.

Тавре аз изҳороти Ситоди байниидоравии таъмини амният дар вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон бароямон маълум гардид, дар муддати кӯтоҳ садҳову ҳазорҳо силоҳи оташфишон ба мақомот супорида шудаасту садҳо ҳодисаҳои истифодаи ғайриқонунии силоҳу воситаҳои нақлиёт ҷилавгирӣ гардидааст. Суоле ба вуҷуд меояд, ки ин ҳама ба чӣ хотир аст? Магар онҳое, ки ин амали мақомоти давлатиро зери тозиёнаи танқид мегиранду мардуми Бадахшонро шӯронданиянд, ба ин ҳама суол ҷавоб гуфта метавониста бошанд?

Ҷинояткор ҳамеша монанди захмест дар бадани ҷомеа, ки бо мурури вақт ба саратон табдил ёфта, ҷомеаро аз байн мебарад. Бахусус, мардуми Бадахшон бояд инро дуруст дарк кунанд, ки чанд тан аз иғвогарону ҷинояткорон мехоҳанд нангу номус ва ғурури онҳоро ба манфиати худ истифода кунанд. Барои ҷинояткору хоин ягон муқаддасот вуҷуд надорад. Онҳо омодаанд, ки  ба хотири расидан ба ҳадафҳои нопоки худ, ҳама чизи инсонӣ, нанг, номус, ғурур, тинҷию амонӣ ва ҳатто шарафи инсониро истифода кунанд. Тафриқа андозанду дар доираи манфиатҳои нопокашон ҷомеаро идора кунанд. Аммо мардуми сарбаланди Бадахшон, ки нангу номусу ғурури миллии тоҷиконаашон аз кӯҳҳои баланди Бадахшон баландтару шарафашон аз ин кӯҳҳо низ устувортар аст, ба ин иғвою дасиса дода нахоҳанд шуд. Зеро мо миллати тоҷик ва Тоҷикистон якандешаву якмаром ҳастем. Андешаи мо андешаи солими миллист, мароми мо танҳо сулҳу субот ва созандагию бунёдкорист!!!

АЗ ИН РӮ, БИЁЕД БАҲРИ ЯКПОРЧАГИЮ СУЛҲУ СУБОТИ КИШВАР ЯКФИКРУ ЯКМАРОМ БОШЕМ!

Бо эҳтиром,

Қозибек Додихудоев ва дигар бадахшониёне, ки солиёни зиёд  муқими ноҳияи Ҷайҳун мебошанд

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg