БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳимояи манфиатҳои миллӣ вазифаи ҳар як соҳибватан аст! Ҷонибдорӣ аз изҳороти Ситоди байниидоравии таъмини амният дар вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон

ВОКУНИШ. Воқеан ҳам Тоҷикистон сарзаминест муқаддас ва пок. Ватан ҳар гӯшаи ту барои мо азиз аст, Тоҷикистон барои мо натанҳо Ватан, зодгоҳ ва меъроси поки гузаштагон, балки модар аст, модари ҷон! Ҳимояи манфиатҳои миллии он, аз ҷумла Истиқлолият, Ваҳдати миллӣ, суботу оромӣ ва рамзҳои давлативу зарраи оби ҷонбахшу хоки муқаддасаш вазифаи ҷонии ҳар як сокини бонангу номусаш ба ҳисоб меравад. Тавре ба ҳамаи мо маълум аст, бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз санаи 15-уми сентябри соли 2018 дар вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон Ситоди байниидоравӣ ҷиҳати таъмини волоияти қонун, тартиботи ҷамъиятӣ, амнияти шаҳрвандон, мусодираи силоҳу аслиҳаи ғайриқонунӣ, дастгир ё ба мақомот ҳозир намудани ҷинояткорони дар ҷустуҷӯбуда, ошкор ва пешгирӣ намудани ҷиноятҳои марбут ба ғайриқонунӣ нигоҳ доштан ва истифодаи силоҳи оташфишон, маводи мухаддир таъсис дода шуда, амал намуда истодааст.

Дар ин давраи кӯтоҳи фаъолияти ситоди мазкур мо шоҳиди ҳол гардидем, ки лавозимотҳои зиёди ҷангӣ ва аслиҳаҳо дар гурӯҳҳои манфиатҷӯ қарор дошт ва хушбахтона қисми зиёди онҳо ҷамъоварӣ карда шуданд. Аз маълумоти расмии ситод аён гардид, ки аз ҷумла 2686 адад лавозимоти ҷангӣ, инчунин 500 гр маводи таркандаро мақомоти давлатӣ ҷамъоварӣ намудааст. Инҷо суоле ба миён меояд, ки ин миқдор лавозимот ва қисми дигари он, ки ҳоло ҷамъоварӣ нашудааст бо кадом мақсад дар дасти сокинон ва гурӯҳу доираҳои муайяни манфиатҷӯ қарор дошт? Онҳо аз куҷо ба дасти сокинон расиданд? Ки онҳоро вориди вилоят намуд? Саволҳое мебошанд, ки ҷавоби худро интизоранд. Ва ҳар сокини нуктасанҷу ватандуст ба ин ҷавоби мушаххас дорад.

Имрӯз давлату ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қодир аст, ки манфиатҳои милливу давлатии ҳар як сокинашро ҳифз намояд. Ҳоҷат ба гурӯҳсозиву тафриқаандозӣ ва худҳимоявӣ намондааст. Солҳои 90-ум буд, ки пояҳои низоми давлатдории мо ба дахолати доираҳои манфиатҷӯ хароб гардида буд. 27-соли соҳибистиқлолии Тоҷикистон Ватани азизи моро ба шоҳроҳи нави рушд, тараққиёт ва шукуфоӣ ворид намуд, ки ВМКБ низ аз он баҳраманд аст. Тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи кишварамон рушд намуда, низоми таъмини тартибот ва волоияти қонун ҳукмфармост.

 Ҳамватанони зизи худро, ки сокинони вилояти дӯстдоштании Бадахшон мебошанд, даъват менамоям, ки барои ҳимояи манфиатҳои худ ва давлати соҳибистиқлоламон аз як гиребон сар бароварда, бо мақомоти давлатӣ ҳамкории зич намуда, зиндагии худро дар партави сиёсати башардӯстонаи Пешвои миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Рахмон аз имрӯз дида хубтару беҳтар намоянд.

Азизулло Алиев-узви гурӯҳи вакилии ҲХДТ дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Кушониён                                                          

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg