БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Наҳзатиҳои фитнагару дасисаҷӯ, сагҳои дайдуи саҳроиро мемонанд!

ВОКУНИШ. Вақтҳои охир тариқи расонаҳои иттилоотӣ саркардагони хоини ҳизбӣ мамнуъшудаи наҳзати исломи ба вазъияти иҷтимоӣ ва иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистонро нодида гирифта маълумоти муғризона интишор карда мешавад, ки комилат дуруғин буда боиси қабул низ нестанд. Роҳбарияти ТЭТ ҲНИ  бар хилофи масъалаҳои бунёди аслии ҳизбии худ риёкорона ҷонибдории хешро аз  арзишҳои демократӣ ва ҷомеаи мардумсолор  вонамуд мекунад, ки ин низ қолаби кории он аст ва ин ба  ҷуз замонасозӣ ва бозии сиёсӣ чизи дигаре нест.

Агар  дар воқеъ роҳбарияти ТЭТ ҲНИ хостори таъмини амну субот, сулҳу ваҳдат ва ҳифзи миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад пас чаро роҳбарияти ҲНИ ба амалҳои бадхоҳонаи  хоинони давлату миллат, ки ба хотири халалдор намудани суботу  оромии кишвар анҷом дода истодааст, махсусан ҳодисаи ҳамла ба сайёҳон дар ноҳияи Данғара  ва нақшаҳои   бадхоҳонаи онҳо  ба назардошти   иқрори яке аз саркардагони ТЭТ ҲНИ Айёмиддин Сатторов дар намоиши телевизионии “Бозгашт аз ҷаҳаннам”, ки боиси нооромии шаҳрвандон гардид. Аз роҳбарияти ТЭТ ҲНИ  бояд  пурсид, ки онҳо тӯли фаъолияти расмии тӯлонии худ    дар кишвар барои Ватан ғайр аз муташанниҷ кардани  вазъи сиёси ҷомеа ва талош барои ҳифзи манофеи  гурӯҳи худ дигар чи коре анҷом додаанд?

Зиёиёни ҷумҳурӣ дигар ба шиори фиребои Ватанпарастонаи наҳзатиҳои фитнагару дасисаҷу бовар намекунанд. Модарони тоҷик ҳануз аз ёди фарзандони шаҳиди  маъсуми худ  ашк мерезанд, бо шунидани   даъвати чанг сукут нахоҳанд кард.

Дигарбора ҳеҷ касе  аз ҳамватанон намехоҳанд,  ки дар кучаву хиёбонҳои мо  ба ҷои видои шодбошу суруд садои даҳшатовари тиру туфанги шумо  ғулғула андозад.

Агар шумо воқеан ҳам меҳнатпарасту ватанпарвар  бошед пас  бояд ҳамчун  фарзанди содиқи Ватан  барои миллату давлат ва рафъи мушкилот  ва бунёди миллат ҳисагузор бошанд.

Қурбонов Абдуҷаббор- узви гуруҳи вакилии ҲХДТ дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Кӯшониён                                                   

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg