
ВОКУНИШ. Дар ҳама давру замон давлатҳо кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки манфиатҳои миллиашонро ҳимоя намоянду ба наслҳои ояндаи худ омӯзонанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати Соҳибистиқлол ба ҳифзу ҳимояи манфиатҳои шаҳрвандон диққати аввалиндараҷа медиҳад ва ин тадбир дар сиёсати давлатӣ ҳамчун самти афзалиятнок рӯз аз рӯз такмил меёбад.
Барои нигоҳ доштани фарҳангу забон ва урфу одат ва мафкураи миллӣ аз бегонашавӣ мақом ва нақши иттилоот, васоити ахбори омма ва дигар воситаҳои таблиғотӣ нақши бориз дорад. Зикр кардан ба маврид аст, ки солҳои охир зидди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷанги иттиллотӣ вусъат гирифтааст. Мисоли равшан, хабарҳои иғвоангезонаи доираҳои манфиатҷӯйи ТЭТ ҲХИ ва дигар нафарони дар дохили нохунан коршинос мебошад, ки ҳар як шахси худогоҳу ватандӯстро бетараф гузошта наметавонад.
Мисоли равшан барои мушаххаскунии онҳо ин С.Богдасаров мебошад, ки муддати чандин сол ҳамчун афсари низомии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон кор ва фаъолият кардаву нону намаки мардуми моро чандин солҳо тановул намудааст. Он ҳангоми яке аз мубоҳисааш бо мавқеъгирии ноҷо тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон санги маломат зада, ошкоро аз хиёнатҳои гуруҳҳои тафриқаҷӯ дар Тоҷикистон пуштибонӣ намудааст, ки чунин масъалагузорию таҳлили вазъ ба воқеият наздик нест!
Ба маълумоти рӯзноманигори аз доираи ҳақиқат бехабар мерасонем, ки ҳамин гуруҳҳо яъне пайравони ТЭТ ҲНИ буданд, ки дар солҳои аввали соҳибистиқлолии Тоҷикистон мавқеи русзабонҳоро дар кишвар маҳдуд карда, дар либоси ислом миллатҳои ғайриисломиро «куффор» ҳукм бароварданд. Чунин мавқеъгирии як рӯзноманигор, ки рисолати созандаро бар душ дорад аз рӯи адл нест ва пеш аз мубоҳиса хуб мебуд муаллиф мавзӯъро ҳамаҷониба мавриди омӯзиши асоснок қарор медод.
Боиси таассуф аст, ки бо кадом сабаб бошад душманони миллати мо соҳибистиқлолии меҳани маҳбуби моро нодида гирифта, пайваста дар баромадҳояшон суханони таҳқиромезро истифода менамояд. Ҳол он ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҳз Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баҳри барқарории сулҳу осоиштагии миллати азиятдида ҳазорҳо мухолифини ҳукумати қонуниро авф намуда, ҳатто ба мансабҳои баланди давлатӣ бурда расониданд. Аммо баъзе аз он ватанфурӯшони носипос кур гашта ҳақро дида натавонистанд ва дидан ҳам намехостанд. Қисме аз онҳо зери сояи хоҷагони хориҷиашон яроқ ба даст гирифта баҳри ҳимояву манфиатҷӯии сармоягузоронашон ба зидди ҳукумати кишвар баромаданд.
Мо сокинон ба шахсоне, мисли сиёсатшиносони бесар ва аз ҳақиқат бехабар як савол доданием. Оё нодида гирифтани мароми сулҳхоҳонаи ҳукумати кишвару мардуми шарифи Тоҷикистон дар шароити кунунӣ мумкин аст? Оё мухолифине, ки бо кирдорҳои зишташон миллатро дар ҳоли парокандагию давлатро ба нестӣ оварда расонида буданду марги ҳазорҳо тоҷикистониёнро мехоҳанду мехостанд аз мавқеи онҳо пуштибонӣ намудан ҷоиз аст?
Як чизро ҳеҷ гоҳ фаромӯш набояд сохт, ки бо муташанниҷ гардидани вазъияти кунунии Ҷумҳурии исломии Афғонистон ва фаъол гардидани гуруҳҳои ифротию террористӣ таҳдид танҳо Тоҷикистонро дунболагир нест!. Балки, Ҷумҳурии Тоҷикистон дарвозаи кулли ҷумҳуриҳои пасошӯравӣ, бахусус Федератсияи Русия ба шумор меравад.
Мо шаҳрвандонро зарур аст, ки баҳри пойдориву мустаҳкамии соҳибистиқлолии кишварамон бикушему ба иштибоҳе роҳ надиҳем. Зеро як иштибоҳ метавонад дунёро сӯзонад, дунёе, ки бо шарофати мавқеъириҳои ноҷо дар ҳоли сухтан аст.
Ғамхорӣ нисбат ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пуштибонӣ аз онҳо аз нахустин рӯзҳои соҳибистиқлолӣ дар меҳвари фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мавриди таваҷҷуҳи пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.
Бе муҳобот, мо сокинони кишвар гуфтанием, ки ҳеҷ қувва дигар наметавонад садди роҳи пешрафту шукуфоии Ватани мо бошад. Чунки ин Ватан имрӯз соҳиб дорад ва ҳамагон барои ҳимояи он аз душманонаш омодаи ҷонсупорием!!!
Муродов Содиқҷон Рамазонович- узви гуруҳи вакилии ҲХДТ дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Кушониён