БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Модом, ки шумо бо забони худ иқрор мешавед, ки нақшаҳоро аз боло ба мо супориш медоданд, пас чи ҳоҷат аз ин худпоксозиҳо???

ВОКУНИШ. Муҳиддин Кабирӣ-дар мавридҳои нахуст ҳамчун роҳбари ҳизби исломӣ, гарчанде аз наздик асло надидамаш дар расонаҳо хабарҳо мехондам ва дар сомонаи Нигоҳ саволу ҷавобашро бо омма боре тасодуфан хондам, рости дар мадди аввал гумонам аҷиб буд. Фикр мекардам, ки одами Худошинос, Худотарс, исломшинос ҳаст ва барои зиндагии ҳалол талош мекунанд. Вале бо мурури замон аз корҳои аҷибашон дар расонаҳо дарак ёфтам, ки дини муқаддаси Исломро ҳамчун як восита истифода мебурдаанд. Яъне аз номи Ислом, вале ба коми хештан. Воқеаҳое, ки аслан бо ташаббуси Муҳиддин Кабирӣ сар заданд боз як бори дигар чеҳраи манфури ин марди ифлосро нишон дод, ки аслан ў бозичаи давлатҳои хориҷа шудааст. Масалан воқеаи моҳи сентябри соли 2015 аз он шаҳодат медиҳанд, ки ҲНИ пайрави нақшаҳои иғвоангез буда, ният дошт, ки таҳти шиори «озодӣ мехоҳем» дар як давраи нақшавӣ ҳадафҳои худро пиёда созанд. Мақсадашон тағйир додани сохти Конститутсионии кишвари ободу озоди Тоҷикистон буда, ки аз ҷониби бегонагон маблағгузорӣ мешудааст. ТЭТ ҲНИ ва пайравонаш худро «Мусичаи бегуноҳ» нишон дода, хешро ғамхори тоҷикон мехонданд??? Дар ҳамаи баромадҳояшон аз адолату озодӣ сухан гуфта, асосан ҷавонони раҳгумзадаро таҳти нақшаи худ медароранд.

Аламовараш он аст, ки борҳо ошкор шудааст, ки сарпарасти ТЭТ ҲНИ давлати исломии Эрон ва давлатҳои дигар мебошанд. Масалан аз шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон филми ҳуҷҷатии Гирдоб санаи 04.09.2018 намоиш дода шуд, ки Ҳусейн Абдусамадов як тан дастгиршудаи амалиёти нангин, ки бо чанд тан ҷавонони гумроҳи дигар хориҷиёни бегуноҳро дар шоҳроҳи наздики ноҳияи Данғара ваҳшиёна ба қатл расониданд.  Аз баромадҳои телевизионии  худи Ҳусейн Абдусамадов маълум гардид, ки ҳануз аз соли 2003 оғоз карда ин шахс аз устодаш, ки Убайдов Носирхуҷа Аҳтамович бо тахаллуси “Қори Носир” санаи таваллудаш 29.01.1973 зодаи ноҳияи Фархор ва истиқоматкунандаи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, ки ў яке аз аъзоёни фаъоли ташкилоти террористӣ экстремистии “Ҳизби наҳзати ислом” аст ва аз соли 2015 бо моддаи 187 қисми 2 КҶ ҶТ, яъне ташкили иттиҳодияи ҷиноятӣ дар ҷустуҷуи расмӣ қарор дорад таҷриба ва илми ифротгароӣ омўхтааст. Дар ин навор Ҳусейн Абдусамадов чи гуна ба Эрон рафтан ва ҳамчунин ба Ироқ ва Сурия ва дигар давлатҳо рафтанашро муфассалтар нақл мекунад, ки ин таҷасумгари иғвоангезии роҳбарони ҳизби террористию экстремистии наҳзати ислом мебошад.

Модом, ки шумо бо забони худ иқрор мешавед, ки нақшаҳоро аз боло ба мо супориш медоданд, пас чи ҳоҷат аз ин худпоксозиҳо??? Яъне ҳайҳот, ки шумо кайҳо қурбони дасисаҳои мамлакатҳои хориҷа шудаед.

Пешниҳод мо сокинон ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ин аст, ки ҳарчи зудтар ин хоинони миллати тоҷикиро аз ҳаққи шаҳрвандии Тоҷикистон маҳрум намояд. Чунки эшон на барои пешравиҳои давлати Тоҷикистон талош доранд, балки барои ноором сохтани фазои истиқлоли Тоҷикистон мекушанд. 

Акнун ҳама шаҳрвандони Тоҷикистон боварӣ доранд, ки Хизби наҳзати исломии Точикистон дар ҳақиқат ташкилоти террористӣ ва экстремистӣ мебошад. Аз соле, ки дар Тоҷикистон ин ҳизби террористӣ бо сардории ашхоси ватанфуруш, хоини давлату миллат, шахси фурухташуда Муҳиддин Кабирӣ, фаъолияти худро сар карда буд, кўшиш мекард, ки ҳадафҳои худ ва дархости хоҷагони хориҷии худро дар Тоҷикистон пардапушона амалӣ кунанд. Бо дастгирии мардуми шарафманди тоҷик ва аз тарафи мақомоти қудратии кишвар амалҳои ғаразноки эшон тариқи воситаҳои ахбори омма пахш карда шуд. Барои мардуми тоҷик ҷанги шаҳрвандӣ як дарси ибратомўз мебошад, ки ҳеҷ гоҳ аз гушаи хотираҳояшон фаромўш нахоҳанд кард. Халқи тоҷик намехоҳад, ки дигарбора ба доми найрангу фиреби шахсони айёрпеша ва хоин ба мисли Муҳидин Кабирӣ гирифтор шаванд. Ягон терррорист наметавонад, ки дар Тоҷикистони соҳибистиқлол ва ободу зебо нақшаҳои нопоки худро амали намояд, зеро мардуми шарафманди тоҷик имконият намедиҳанд, ки ин ашхос дар Тоҷикистон кор ва фаъолият намоянд. Муҳиддин Кабирӣ, Абдуҳалим Назарзода ва дигар шахсони гумошташуда ва хоин як умр дар хотири мардуми тоҷик ва насли оянда, ҳамчун ватанфурўш нақш хоҳанд баст. Ин ашхос ба гузаштаи хеш ва давлату миллат иснод меоваранд. Насли наврас ва ояндаи тоҷик аз таърих хоҳанд донист, ки Муҳиддин Кабирӣ ва Кабиримонандҳо барои ҷомеаи ҷаҳон хатаровар мебошанд. Ин ашхос таёранд, ки бо маблағҳои хоҷагони хориҷии худ дар Тоҷикистон дилхоҳ супоришу ҳадафҳои нопоки сарпарастонашонро иҷро намоянд. Ҳатто таёранд Ватан, модар зан ва фарзанди хешро бо маблағхои ҳангуфт фурушанд. Аз террорист ҳама чизро интизор бояд шуд. Зеро аз Муҳиддин Кабирӣ ва аъзоёни фаъоли ҲНИ ҳар гуна қатлу кушторро интизор шудан мумкин аст. Муҳиддин Кабирӣ ва аъзоёни фаъоли ҲНИ мисли мори заҳрдор ҳастанд, ки дар камтар имконият ба мардум ва давлат мехоҳанд заҳр зананд, аммо дар ҳадафҳои нопоки худ ғарқ хоханд шуд. Бояд донист, ки терорист Ватан-Модар надорад.

Сафари Шукур-аъзои бахши намояндагии ТҶҶ “Сзандагони Ватан” дар шаҳри Норак

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg