БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Об сарчашмаи ҳаёт ва хушбахтии инсон аст

Ш.ШОҲИН. Намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар деҳаи Шоҳристон атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ, Соли тақвияти робита бо маҳал  вохурӣ доир намуданд.

Вохӯриро мутахассиси шуъбаи ташкилии  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин Ҳошимов Абдураҳим кушода, дар бораи  Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ  ва Даҳсолаи байналмиллаии амал «Об барои рушди устувор, солҳои  2018-2028»  суханронӣ намуда, зикр кард, ки Тоҷикистон сарчашмаи обҳои зулолу мусаффо ва табиати беназиру нотакрор мебошад. Аз ин рӯ, ҳифз ва тоза нигоҳ  доштани обанборҳо, пешгирии исрофкории об аз масъалаҳои аввалиндараҷа ба шумор меравад. Ҳифз ва истифодаи оқилонаи об имкон фароҳам меорад, то мо дар роҳандозӣ намудани Барномаи стратегии «Об барои рушди устувор»-ро амалан дар ҳаёт татбиқ карда, саҳми беназири хешро дар амали байналмилалӣ гузорем.

Инчунин, дар вохӯрӣ вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин   Саидов Суҳроб иштирок дошта, вобаста ба пешгирӣ аз шомилшавии шаҳрвандон, алалхусус ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳори ифротӣ, амалҳои коррупсионӣ,  пешгирӣ аз гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ  андешаронӣ карда, сокинонро баҳри фирефтаи ҳаргуна гурӯҳҳои ғаразнок нагардидан ба ҳушёриву зиракӣ ва ҳифзи солимӣ  даъват намуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg