
ШАҲРИТУЗ. Бо мақсади амалигардонии ҷадвали вохӯриву суҳбатҳо дар ташкилоту муассисаҳо ва деҳаҳо дар ташкилоти ибтидоии ҶДММ «Дук»-и ноҳияи Шаҳритуз хониши сиёсӣ дар мавзӯъи “Баланд бардоштани маърифат ва масъулияти шаҳрвандон бо мақсади пешгирӣ аз паҳншавии бемориҳои сироятӣ, пешгирии шаҳрвандон аз шомилшавӣ ба ташкилотҳои экстремистию террористӣ” баргузор гардид, ки дар он раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Шаропов Ҳомидҷон иштирок ва суханронӣ намуд.
Зимнан Шаропов Ҳомидҷон дар назди ҷамъомадагон оид ба нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳифзи сиҳатии омма, пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирии шаҳрвандон, алалхусус ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои дар Тоҷикистон мамнӯъ, огоҳонидани сокинон аз паёмадҳои хатаровари гурӯҳҳои ирофтӣ андешаронӣ карда, иштирокдоронро барои дар амал татбиқ намудани дастуру супориш ва ҳидоятҳои Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳадафҳои барномавии ҳизб раҳнамоӣ намуд.