БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Робитаи ҲХДТ бо мардуми маҳаллаҳои дурдасти вилоят қавӣ гардид

А.ҶОМӢ. Дар доираи таъмини иҷроиши босифати  ҷадвали баргузории хонишҳои сиёсӣ дар ташкилоту муассисаҳо ва вохӯриву мулоқот дар деҳаву маҳаллаҳои ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар нимаи дуюми соли 2018 бо иштироки кормандони  масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Самадзода Саёҳат ва Ҷамолиддини Маҳмадшариф дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Холмуродтеппа»-и деҳаи Холмуродтеппаи ҷамоати деҳоти Ифтихор бо сокинон бо мақсади дар амал татбиқи намудани Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» вохӯрӣ баргузор гардид.

Зимнан масъулин дар партави Аксияи ҳизбӣ  ҳал намудани мушкилотҳое, ки дар деҳаву маҳалла ҷойдошта бо ҷалби шахсони хайрхоҳу саховатманд, фаъолон, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ  андешаронӣ намуданд.

Ҳамзамон,  дар идома  масъулин дар бораи эълон шудани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ суханронӣ карда, иброз доштанд, ки ташаббусу иқдомҳои неке, ки аз ҷониби Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати сокинон  зоҳир карда мешаванд,  ҳар як фарди худогоҳу ватандӯст, аз ҷумла  моро лозим аст бо заҳмату меҳнати содиқонаву  софдилона дар ободиву шукуфоии Ватани маҳбубамон саҳмгузор бошем.  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg