БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Солимии ҷомеа-боигарии асосии давлат аст!

ҶАЙҲУН. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун миёни аъзои ташкилоти ибтидоии «Маркази саломатӣ»- хониши сиёсӣ дар мавзӯъи «Ба роҳ мондани корҳои тарғиботӣ ҷиҳати пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ ба хотири таъмини солимии ҷомеа” бо иштироки мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Фарҳод Обидзода  доир гардид.

Дар чорабинии мазкур Фарҳод Обидзода иштирок ва суханронӣ намуда, дар рафти суханрониаш иброз дошт, ки солимии миллат пояндагии онро таъмин менамояд. Аз ин рӯ ,Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар назди худ мақсад гузоштааст, ки дастгирии ҷомеа, такмили сифатноки хизматрасонии тиббӣ ва низоми идоракунии соҳаи тандурустиро муҳим шуморида, ташаккули низоми муосири хизматрасониро бо истифода аз техналогияҳои замонавӣ ва тайёр кардани мутахассисони соҳибкасби соҳаро аз ҷумлаи иқдомоти зарурӣ медонад.

Дар хотимаи сухан мавсуф қайд намуд, ки дар баробари дигар омилҳои хатарзо ба генафонди миллат паҳншавии бемориҳои сирояткунанда, махсусан бемориҳои ВНМО ва дигар бемориҳои сироятӣ бисёр ташвишовар мебошанд. Аз ин рӯ бемориҳо, роҳҳои гузариш, пешгирӣ ва инкишофу авҷгирии онҳоро донистани ҳар сокини кишвар шарт ва зарур аст. 

Пас мебояд, ки соҳаи тандурустӣ дар назди даромадгоҳи беморхонаҳо буклету брашураҳои иттилоотиро вобаста ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ройгон гузоранд, ки тамоми сокинон аз ин хатари ниҳоят ҷиддӣ ба генафонди миллат огоҳ бошанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg