БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Намоиши ҳунарҳои мардумӣ дар маҳал

Н.ХУСРАВ. Мутобиқи нақшаи тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав дар  маҳаллаи  Бешкенти ҷамоати  деҳоти  Истиқлол  бо мақсади амалигардонии Соли тақвият робита бо маҳал ва татбиқи  Соли  рушди  сайёҳӣ  ва ҳунарҳои  мардумӣ бо сокинон вохӯри баргузор гардид. 

Дар он  раиси    Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ  дар  ноҳия  Алиева  Сураё иштирок дошта, зимни андешаронӣ қайд  намуд, ки  сокинони  маҳаллаи  Бешкент бо  як масъулияти  баланд  ва ифтихори  ватандорӣ   ҷиҳати  сазовор  амалӣ  намудани  Соли  рушди  сайёҳӣ  ва  ҳунарҳои  мардумӣ бо  омодагии мукаммалу ҷолиб  чорабинии сатҳи баланди фарҳангиро  баргузор намуданд. Чорабинӣ бо  як  ҳунармандии  эҷодкорона ва  бо  малакаи   баланди  ватандӯстона, ҳифзи  суннату анъанаҳои мардумӣ, рушди  корҳои  хонагӣ  ташкил  ва баргузор гардида  истодааст.

Мавсуф  дар  маҷмӯъ оид  ба  масъалаҳои густариши  урфу  одатҳои  неки  мардумӣ  дар   рушду нумӯи  кишвар ва  тарбияи   ахлоқиву маънавии  ҷомеа  ва  ҷудо  намудани  онҳо аз  хурофоту дигар  амалҳои  зарарнок маълумот  дода  қайд  кард, ки  урфу  одатҳои  мардумиро  таҳлил  намоем ва  мвриди  омӯзиш  қарор  дода,  ҳикмату фалсафаи  онҳоро дар  зиндагии  ҳаррузаамон мавриди  амал  қарор  диҳем.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg