БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Сокинон барои боз ҳам обод гаштани Ватанамон талош меварзанд

ХУРОСОН. Дар доираи ҷадвали баргузории вохӯриву мулоқот дар корхона, муассиса, ташкилот ва деҳаю маҳаллаҳои ноҳияи Хуросон бо иштироки муовини раис-мудири шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон Азизӣ Сабоҳат дар деҳаи Ифтихори ҷамоати деҳоти Ҳилолӣ вобаста ба  самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, Соли тақвияти робита бо маҳал ва баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ вохӯрӣ баргузор гардид, ки зимнан Сабоҳат Азизӣ дар назди сокинон оид ба  дастовардҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳкими Ваҳдати миллӣ, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ,  тарғиби либоси миллӣ дар байни занону бонувон, пешгирӣ аз хуровоту бегонапарастӣ, риояи талаботи қонунҳои миллӣ, озмунҳои ҳизбӣ ва татбиқи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» андешаронӣ намуд.

Пас аз суханрониҳои судманд иштирокдорон  моҳияти озмунҳои ҳизбӣ ва  Аксияи мазкурро хуб дарк намуда, иброз доштанд, ки ҳадафҳои неку созандаи ҲХДТ  ба манфиати ҷомеа буда, барои саҳм гузоштан дар корҳои хайру сахо ва созандагиву бунёдкорӣ ба хотири боз ҳам ободтар гардидани Ватани азизамон талош хоҳанд варзид.

 

    

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg