ҲАМАДОНӢ. Дар маҳаллаи ба номи Исмоили Сомонии ҷамоати шаҳраки Москва чорабинии фарҳангӣ-сиёсӣ бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҳамадонӣ Давлатҷон Ғаффорзода баргузор гардид.
Сараввал кормандони Кумитаи иҷроия аз ҳунарҳои мардумӣ аз наздик шинос шуда, ба ҳунармандони маҳаллаи мазкур баҳои баланд доданд.
Давлатҷон Ғаффорзода дар бораи эълон гаштани соли 2018 хамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ мақсад ва ҳадафҳои он, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, риояи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, озмунҳои ҳизбӣ бо номҳои “Армуғони хатлонӣ”, “Беҳтарин доиркунандаи чорабинӣ дар сатҳи маҳал”, “Беҳтарин намоиши ҳунарҳои мардумӣ”, “Беҳтарин муаррификунандаи мавзеъҳои сайёҳӣ”, “Тарроҳи беҳтари” ва Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” суханронӣ намуда, иштирокдорон, ки бо беҳтарин ҳунару ҳунармандӣ дар намоишгоҳ ширкат варзиданд, барои иштирок дар озмунҳои ҳизбии мазкур даъват намуд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ ҳунармандони филармоняи мардумии ба номи устод Одина Ҳошимов хотири ҷамъомадагонро бо рақсу сурудҳои дилангези худ шод гардониданд.