БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Сокинон аз ниятҳои нопоку кӯшишҳои бешармонаи хоинон кайҳо боз хабардоранд

ФАРХОР. Вохӯрии навбатии кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Миразор», ки аъзои ҳизби деҳаи Куҳандиёр 2-ро дар худ муттаҳид менамояд, сурат гирифт.

Сараввал, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор Алӣ  Назаров ба сухан баромада, аз таърихи қадимаи деҳаи Куҳандиёр, ки қаблан Саксанохӯр номида мешуд, ёдовар шуд.

Сипас, мавсуф  атрофи ниятҳои нопок ва кӯшишҳои бешармонаи ҳизби террористӣ-экстремистии наҳзати ислом сухан ронда, аз ҳозирин даъват ба амал овард, то он ҳадде, ки метавонанд, фарзандони худро барои дурӣ ҷӯстан аз чунин ҳизбу ҳаракатҳо ҳидоят намоянд.

Дар вохӯрӣ ҳамчунин, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Шаҳбози Искандар дар бораи зарурат ва аҳамияти Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мухтасар маълумот дода,  онҳоро барои риояи талаботи қонунҳои мазкур раҳнамоӣ кард.

Дар чорабинӣ навъҳои ҳунарҳои мардумӣ ба намоиш гузошта шуда буданд, ки дар қисмати фарҳангии вохӯрӣ ҳамагон аз ин намоишгоҳ аз наздик дидан карданд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg