БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Вазифаи муқаддаси аҳли ҷомеа - пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ мебошад

ПАНҶ. Дар доираи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ таҳти унвони “Ҳифзи ҷавонон аз дассисаҳои ҳизбу ҳаракатҳои террористию иртиҷоӣ ва мубориза бар зидди хурофотпарастиву ифротгароӣ”, ки ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб марбутанд,  дар толори муассисаи таълимии миёнаи умумии №9  бо фаъолон ва аъзои ҳизб вохӯрӣ доир гардид.

Дар рафти баргузории вохӯрӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ Файзиев Каримҷон,  мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроия Шомаҳмадзода Музаффар  иштирок намуда, оид ба  пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, ки аввалан ҷомеаи имрӯзаи ҷаҳонӣ инро тақозо менамояд ва ҳамзамон оид ба қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки ба пешравии иқтисодиёти кишвар мусоидат менамояд, андешаронӣ  намуданд.

Дар фарҷоми  вохӯрӣ оид ба масъалаҳои баррасигардида, баҳсу мунозираҳои судманд доир гардида, аз ҳозирин даъват ба амал оварда шуд, ки барои пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ дар баланд бардоштани маърифати динӣ ва сиёсии ҷавонон, дуруст  ба роҳ мондани корҳои таблиғотӣ нисбати ғояҳои гурӯҳҳои ифротӣ ва инчунин, фаҳмондадиҳии моҳият, оқибат ва паёмадҳои гурӯҳҳои ифротӣ саҳмгузор буда, баҳри иҷрои қонунҳои амалкунандаи кишвар бетараф набошанд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg