БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳунармандони беҳтарин ба озмунҳои ҳизбӣ даъват гардиданд

МӮЪМИНОБОД. Бо мақсади сазовор истиқбол намудани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, оғози Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», бо натиҷаҳои назаррас ҷамъбаст намудани Соли тақвияти робита бо маҳал дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Ш.Шоҳин» бо иштироки фаъолзанон озмуни ноҳиявии  «Беҳтарин намоиши ҳунарҳои мардумӣ» ва «Тарроҳи бехтарин»  баргузор карда шуд.

Мақсад аз баргузории чорабинии фарҳангӣ дар замири ҷавонон тарбия намудани ҳифзи анъанаҳои неки ниёгон, ҳуввияти миллӣ ва дар сатҳи баланд ҷамъбаст  кардани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  мебошад.

Чорабинии номбурда бо  ҷалби беҳтарин ҳунармандон  ва ҷавонони  болаёқат намоиши ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили қадбонуи беҳтарин, дӯзандаи беҳтарин, гулдӯзӣ ва дигар намуди ҳунарҳои мардумӣ ба намоиш гузошта шуданд, ки ин ҳама аз  ҳунару ҳунармандӣ аз фарҳанги бою ғанӣ доштани миллати тоҷик шаҳодат медиҳад.  

Пас аз тамошои намоиши ҳунарҳои мардумӣ, масъулин беҳтарин ҳунармандони хушзавқу чирадастро  барои иштирок дар озмунҳои ҳизбӣ дар сатҳи вилоят даъват карданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg