ЛЕВАКАНТ. Тибқи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант бо кормандони ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Раёсати молия» хониши сиёсӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ баргузор гардид.
Дар вохӯрии мазкур мудири шуъбаи таблиғот, иттиллоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб Суҳроб Валиев, мудири шуъбаи ташкилӣ ва ба ҳисобгирии Кумитаи иҷроия Шаҳло Шомудинова иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зимнан масъулин дар назди иштирокдорон дар бораи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардум аз хатару паёмадҳои ҳизбу ҳаракатҳои дар Тоҷикистон мамнӯъ, ҳифзи ҳувияти миллӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ аз бемориҳои сироятии ВИЧ/СПИД, Гепотит, Сил, пешгирии никоҳи хешутаборӣ, хурофоту бегонапарастӣ, риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, муборизаи дастаҷамъона бар зидди амалҳои коррупсионӣ суханронӣ намуданд.
Дар идомаи суҳбат масъулин атрофи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” ҳарф зада, аз онҳо даъват ба амал оварданд, ки он маблағҳое, ки дар ҷашнҳои хурсандиву маросимҳои азодорӣ сарф менамоянд, беҳтар мешуд дар обод кардани маҳали зист, сохтмони иншоотҳои хизматрасонӣ, таъмири муассисаҳои таълимӣ, роҳу пулҳо, дасти кӯмак дароз намудани ба шахсони ниёзманди ҷомеа, ятимону маъюбон сарф намоянд.
Кормандони ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Раёсати молия» аз баргузории чунин вохӯрии судманд миннатдории хешро баён намуда, иброз доштанд, ки ҷиҳати дар амал татбиқ намудани Аксияи ҳизбӣ кӯшиш хоҳанд кард.