БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Танҳо дар сурати ҳамкории судманд метавон пеши роҳи амалҳои коррупсиониро гирифт

КӮЛОБ. Вобаста ба нақшаи суҳбату вохӯриҳо  дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Таваллудхонаи вилоятӣ» бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ хониши сиёсӣ  роҳандозӣ гардид.

Дар он раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Валиева Саъбагул вобаста ба масъалаи пешгирии амалҳои коррупсионӣ дар ҷомеа суханронӣ намуд.

Мавсуф иброз дошт, ки коррупсия имрӯзҳо ба яке аз таҳдидҳои муосир табдил ёфтааст, ки амнияти кишварҳо ва минтақаҳоро зери хатар мегузорад. Таҷрибаи давлатҳои пешрафта нишон медиҳад, ки ин падидаи нопок таҳдиде ҳаст барои коста гардонидани пояҳои давлатдорӣ. Танҳо дар якҷоягӣ мо метавонем пеши роҳи онро гирем. Ба ин мақсад зарур аст, ки дар байни мардум маърифати ҳуқуқиро тарғиб намуда, корҳои фаҳмонадиҳиро пурзӯр намоем. То  ҳар як шаҳрванд аз ҳуқуқи худ хубтар огоҳӣ пайдо намуда, тавонанд, ки ин зуҳуроти номатлуби коррупсиониро дарк карда, баҳри мубориза бар зидди он саҳми худро гузоранд.

Дар фарҷом гуфта шуд, ки хеле ба маврид мебуд, ки аз тарафи ниҳодҳои дахлдор ҳар чи бештар бо мардум дар робита мешуданд. Зеро мо метавонем дар сурати ҳамкории мустаҳакам пеши роҳи амалҳои коррупсиониро гирифта, ҷомеаро аз ин хатар раҳоӣ бахшем.

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg