ДӮСТӢ. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Идораи коммуналӣ»-и ноҳия хониши сиёсӣ баргузор намуданд.
Зимни баргузории хониши сиёсӣ мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроия Ҷалолов Абубакр оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, аз ҷумла оид ба сафари кории Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ВМК Бадахшон суханронӣ намуда, зикр кард, ки ҳанӯз дар ҷомеа нафароне ҳастанд, ки аз сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон новобаста аз оне, ки чи қадар дастгирӣ ва ободгариҳо дар минтақаи Бадахшони куҳӣ вусъат ёфтааст, нодидагирӣ мекунанд ва роҳи хиёнатро пеш гирфтаанд. Боварии комил аст, ки масъулини Бадахшон бо иродаи матини сокинони ватандӯсту ватанпарвар пеши роҳи амалҳои худхоҳонаи гурӯҳҳои манфиатҷӯро мегирад.
Раиси ташкилоти ибтидоӣ Мӯъминов Абдулҳаким иқдоми Кумитаи иҷроияро дастгирӣ намуда, қайд намуд, ки ин гуфтаҳо ҳангоми фаъолият ва хизматрасонии кормандон дар кӯчаву хонаҳо бори дигар ба саҳми сокинон расонида мешавад.