БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Таъмини шароити арзандаи зиндагӣ мароми мост!

ДАНҒАРА. Тибқи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маркази ташхиси байниноҳиявии байторӣ” хониши сиёсӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ баргузор карда шуд.

Дар чорабинӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Каримов Пирмуҳаммад  иштирок намуда, доир ба терроризму ифротгаро, амалҳои коррупсионӣ ҳамчун омилҳои хатаровару  номатлуб дар марҳилаи ҷаҳонишавӣ ва пешрафти кайҳонии илму техника, татбиқи сифатноки сиёсати давлатии соҳавӣ, масъалаҳо ва равандҳои муосири ҷаҳонишавӣ мубодилаи афкор намуд.

Ҳамзамон, зимни андешаронӣ зикр гардид, ки масъалаҳо ва равандҳои рӯзафзуни ҷаҳонишавӣ, ба вазъи кунунии сайёра таъсири худро бевосита гузошта истодааст, ки ин таъсиргузориҳо фаъолияти пурсамари ҳар як сохтори давлатӣ ва ғайридавлатиро ҷиҳати татбиқи барномаҳои мукаммали соҳавӣ талаб менамояд.

Асоси фаъолият ин барои беҳтар гардонидани шароити зиндагӣ ва беҳбудӣ бахшидан ба соҳаҳои муайяни хоҷагии халқи мамлакат мебошад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg