БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳунар давлати поянда ва чашмаи зоянда аст

ВОСЕЪ. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ дар деҳаи дурдасти Ғелоти ҷамоати деҳоти ба номи Худоёр Раҷабови ноҳия чорабинии фарҳангӣ-сиёсӣ дар ростои Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Сафарова Ҳафиза,  корманди масъули Кумитаи иҷроия Гулрухсор Мирзоева, занонони рӯзгордида ва гулдухтарони деҳаи мазкур баргузор гардид.

Дар чорабинии фарҳангӣ  навъҳои гуногуни хӯрокҳои миллии тоҷикон ва ҳунарҳои дастии занони ҳунарманд ба маърази тамошо гузошта шуд.

Ҳамзамон, масъулин дар қисмати сиёсии чорабинӣ дар назди ҷамъомадагон  оид ба  самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ ва эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ суханронӣ намуда, ба ҳунари волои занони ин деҳа баҳои баланд доданд ва иброз доштанд, ки  ҳунарманди асил бо ҳунари волои худ дар ягон давру замон ба касе ё чизе эҳтиёҷ пайдо намекунад ва дастнигари нафаре намегардад, зеро худ кони ҳунари волост.

Ҳунар як коргоҳи бузургест, ки доимо ҳамсафари шахси боистеъдод аст. Яъне ҳунарманд коргоҳ намеҷӯяд ва ба куҷое, ки равад, метавонад бо дастоварди бузурги худ музде пайдо намояд, ки боиси рӯзгузарониаш гардад. Илова бар ин, бо ҳунари волояш машҳур гашта, қудрату манзалати зиёд пайдо мекунад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg