БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Имконоти анҷоми корҳои хайр дар Тоҷикистон зиёд аст

ВАХШ. Дар ташкилоти ибтидоии «Маърифатчиён» дар мавзӯъи «Тарғиби нақши урфу одат ва анъанаҳои неки мардумӣ дар байни сокинон бо мақсади тарбияи ахлоқиву маънавии ҷомеа» хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Дар  хониши сиёсӣ  кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш Ҷалилов Исмоил ва Негматов Азизулло иштирок ва суханронӣ намуданд.

Масъулин дар суханронии худ, аз ҷумла қайд намуданд, ки урфу одат ва анъанаҳои неки мардумӣ барои тарбияи ахлоқиву маънавии ҷомеа нақши басо муҳим дорад. Аз қадимулайём дар байни мардуми тоҷик аёдати беморон, расонидани ёриву кӯмак ба шахсони барҷомонда, дасти навозиш бардоштан ба сари ятимон, дасти сахо дароз кардан ба ниёзмандон, тариқи ҳашари дастаҷамъона  таъмир ва обод намудани вайронае, шинондану парвариши дарахтони сарсабз ва амсоли онҳо аз урфу одатҳои неки ниёгонамон маҳсуб меёбанд.

Рисолати таърихӣ ва масъулияти хештаншиносии мо зиёиён дар он мебошад, ки анъанаҳои неки ниёгонамонро ҳифзу идома дода, ба наслҳои оянда ҳамчун мафкура ва меъёри ахлоқии миллӣ ба мерос гузорем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg