БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ вазифаи мост!

БАЛҶУВОН. Дар деҳаи  ба номи Сафар Амиршоеви ҷамоати деҳоти Балҷувони ноҳияи Балҷувон оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон Мирзоев Исуф хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Зимнан Мирзоев Исуф оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, Соли тақвияти робита бо маҳал, эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, озмунҳои ҳизбӣ ва Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!”, пешгирии шаҳрвандон, алалхусус ҷавонон аз шомилшавӣ  ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, огоҳонидани мардум аз хатару паёмадҳои ташкилотҳои террористии дар кишвар мамнуъ андешаронӣ карда, таъкид намуд, ки ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надода, ҷавононро дар рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарварӣ тарбия намоем.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg