БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ роҳнамои ҷомеа гардидааст

Ҷ.БАЛХӢ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “ҶДММ Навбаҳор-2013” ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ тибқи ҷадвали баргузории хонишҳои сиёсӣ вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар он мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Алиев Зафар иштирок намуда, атрофи самтҳои афзалиятноки  фаъолияти ҳизбӣ андешаронӣ карда, зикр намуд, ки мо бояд бо такя ба нерӯи созандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон душвориҳои мавҷударо ҳал намоем.

Ба ҳайси қишри ташаббускори ҷомеа бояд пайваста кӯшиш кунем, ки арзишҳои ҷаҳонбинӣ ва идеяҳои худро дар байни мардум таблиғ намоем, тамоюл ва равандҳои сиёсиро ҳамеша таҳти назар дошта бошем.

Инчунин, мавсуф дар идомаи суҳбат оид ба озмунҳои ҳизбӣ ва роҳандозии Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» сухан карда, ҳамагонро ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ ва иштирок дар озмунҳои ҳизбӣ даъват намуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg