БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ-роҳнамову мададгори халқ аст!

ҶАЙХУН. Бо мақсади таъмини иҷрои нақша-чорабинии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар деҳаи Садриддин Айнии ҷамоати деҳоти Панҷи ноҳия чорабинии фарҳангӣ-сиёсӣ вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, Соли тақвияти робита бо маҳал ва Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Ҷумагул Шомаҳмадова, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Насим Сабурзода, мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Фарҳод Обидзода бо сокинони деҳа доир гардид.

Дар чорабинии мазкур тамоми ҳунарҳои мардумӣ ва маҳсулоти кишоварзии дастранҷи мардуми маҳалла ба намоиш гузошта шуда буданд, ки бо сабзавоту меваҷоти хуштаъму тару тоза ба намоишгоҳ ҳусни дигар зам мекарданд.

Гузашта аз ин дар чорабинӣ бонувони ҳунарманди маҳалла чанд навъ хeрокҳои миллиро омода намуданд, ки тавонист ҳунари катбонугии хеш дили касро фараҳ бахшанд.

Дар рафти чорабинӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Ҷумагул Шомаҳмадова вобаста ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва эҳёи нави ҳунарҳои мардумӣ муфассал суханронӣ намуда, ба ташкилкунандагони чорабинӣ изҳори қаноатмандӣ намуд.

Дар фарҷом занони ҳунарманди деҳа, ки ба дeхтану бофтани матоъҳои миллии хоси мардуми тоҷик машғуланд, ваъда доданд, ки соли 2018 - Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумиро самаранок истифода бурда, дар ин сол кeшиш ба харҷ медиҳанд, ки маҳсулотҳои дастранҷи истеҳсол намудаашонро нисбат ба солҳои қаблӣ бештар намоянд ва ҳунарҳои мардумиро аз нав эҳё бо тарзу шакли гуногун ба таври замонавӣ  хоҳанд кард.

 

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg