
ҲАМАДОНӢ. Дар толори маҷлисгоҳи шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ вохӯрии раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Давлатҷон Ғаффорзода бо сарварони муассисаҳои таълимии ноҳия баргузор гардид.
Зимни баргузории вохӯрӣ Давлатҷон Ғаффорзода оид ба дастурамали коргузориву ҳуҷҷатнигорӣ ва пешбурди фаъолияти молиявии сохторҳои ҲХДТ андешаронӣ карда, қайд намуд, ки мо масъулони ҳизбӣ бояд дарк намоем, ки роҳбарияти давлату ҳукумат ва мардуми шарифи Тоҷикистон аз мо дар роҳи ватансозӣ умедҳои калон доранд. Бо назардошти ин моро месазад, корро ба тавре ба роҳ монем, ки аз кормандони масъули ҳизб сар карда то корманди оддӣ дар соҳаҳои мухталиф бо фаъолияти навмунавии худ ибрати аҳли ҷомеа бошем.