БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳунарҳои миллӣ - меъроси таърихию бадеӣ мебошанд

КӮЛОБ. Дар маҳаллаи Умари Хайёми шаҳри Кӯлоб намоиши ҳунарҳои мардумӣ роҳандозӣ шуд, ки дар чорабинии фарҳангӣ муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Фирӯзи Саидмӯъмин, мудири шуъбаи кор ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Файзуллоев Алишер ва мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроия, роҳбари намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” Мунаввараи Бозоралӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зимнан, дар баромади худ иштирокчиён вобаста ба самтҳои  афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ андешаронӣ намуда, иброз доштанд, ки ҳунарҳои миллӣ натанҳо меъроси таърихиву бадеӣ, балки қисми муҳимми фарҳанги маънавии замони муосир маҳсуб меёбад.

Дар охир аз ҷониби сокинон гуфта шуд, ки аминем то дар якҷоягӣ баҳри амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҳизбамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон камари ҳиммат баста, Тоҷикистони азизамонро боз ҳам ободтару зеботар гардонем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg