БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Сокинони маҳал пуштибони ҲХДТ мебошанд

ДӮСТӢ. Кормандони масъули  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ дар  ташкилоти ибтидоии ҳизбии деҳаи “Қаҳрамон”  вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, Соли тақвияти робита бо маҳал бо сокинон деҳа вохӯрӣ баргузор намуданд.  

Масъулин зимнан дар қисмати  сиёсии вохӯрӣ оид ба сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар санаи 15 сентябри соли 2018 ба ВМК Бадахшон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ,  болоравии фарҳанги миллӣ, эҳё ва рушди  ҳунарҳои мардумӣ дар маҳал, эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, пешгирии шаҳрвандон аз  шомилшавӣ  ба ҳизбу ҳаракатҳои дар Тоҷикистон мамнуъ андешаронӣ намуданд.

Инчунин,  дар идома қайд гардид, ки бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ озмунҳои ҳизбӣ бо номҳои “Беҳтарин намоиши ҳунарҳои мардумӣ, “Беҳтарин доиркунандаи чорабинӣ дар сатҳи маҳал”, “Тарроҳи беҳтарин” эълон гардидааст,  шахсони ҳунарманд метавонанд бо ҳунару маҳорати худ дар озмунҳои ҳизбӣ иштирок намоянд ва соҳиби туҳфаҳои арзишнок гарданд.

Фаъолони деҳа  ташаббусҳои созандаи ҳизбиёнро давоми ғамхориҳои  пайвастаи Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дониста, изҳори миннатдорӣ баён карданд ва иброз доштанд, ки  мо сокинон ҳамеша хоҳони осоиштагӣ ва ободии Тоҷикистони азиз мебошем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg