
ДАНҒАРА. Тибқи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар деҳаи Шаршари ҷамоати деҳоти Пушинг хониши сиёсӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ баргузор гардид.
Дар он кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия иштирок дошта, оид ба масъалаҳои созандагиву ободкорӣ дар маҳалҳо, эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротию террористӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, риояи қонунҳои миллӣ, таҳкими дӯстии Тоҷикистону Ӯзбекистон, сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ВМКБ, тарбияи ҷавонону наврасон дар руҳияи худшиносии миллӣ ва омӯзиши илмҳои дақиқ ҳамчун талаботи заминавӣ барои мутахассисони бозори меҳнат, истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, самаранок истифода бурдани заминҳои корам, сарфаҷӯёна истифода бурдани нерӯи барқ ва пардохти саривақтии маблағи он, ки ин ҳама аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ бармеоянд, андешаронӣ намуда, сокинони деҳаро барои дар амал татбиқ намудани сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат ва ҳадафҳои барномавии ҲХДТ раҳнамоӣ карданд.