БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Паём: Фароҳам овардани шароити хуб барои рушди маҳал яке аз самтҳои муҳими фаъолияти мақомоти давлатист!

А.ҶОМӢ. Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ва аксарияти ташкилотҳои ҳизбии қаламрави ноҳия  барои амалӣ кардани сиёсати пешгирифтаи Раиси муаззами ҲХДТ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми имкониятҳои мавҷуда ва кӯшишу ғайраташонро сафарбар карда истодаанд.

Вохӯриву суҳбатҳои гурӯҳҳои таблиғотии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ  дар ноҳияи Абдурахмони Ҷомӣ дар ҳудуди ташкилоту муассисаҳо, бо мақсади фаҳмонидани самтҳои афзалиятноки фаъолияти  ҲХДТ, шарҳу тавзеҳ ва татбиқи  Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, зиёд намудани сафи ҲХДТ аз ҳисоби шахсони обрӯманд, ҷалби ҷавонони синни даъватӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар, рушди ҳунарҳои мардумӣ вобаста ба эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, корҳои хонагӣ, истифодаи самараноки  нерӯи барқ ва дуруст сафарбар кардани корҳои хайру сахо бо иштироки  сокинони  маҳаллаҳои ҳудуди  ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, бахусус ҷавонони ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ  вохӯриҳою мулоқотҳои судмандро идома дода истодаанд.

Ин набат  дар ташкилоти ибтидоии «Сохтмончӣ»-и назди ҶДММ МПМК «Хоҷамастон» кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия  Ашӯров Сунатулло ва мутахассиси шуъбаи ташкилӣ Ҷамолиддини Маҳмадшариф бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ хониши сиёсӣ гузарониданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg